МДТ «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе»
Бо фармони Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба маълумоти касбию техникӣ аз 30.12.1983, №500 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбии техникии №3-и шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Бо қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2008, №2/6 ба Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе табдил дода шуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда ба тавозуни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда ҳамчун Муассисаи давлатии таълимӣ эътироф шудДар муассисаи таълимӣ барои раванди таълими назариявӣ ва амалӣ синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо омода карда шудаааст. Озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳо бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, аз қабили тафдонҳои барқӣ, яхдонҳои истеҳсолӣ, микроволновка, миксерҳо, обҷӯшонакҳои барқӣ (самовор), термекҳо, қолабҳо барои пухту паз, дегҳои гуногунҳаҷм, асбобҳо барои пухту паз, бакҳо барои партов ва ғайра. Инчунин доскаи электронӣ, компютерҳо, проекторҳо, кондиционер, ҷевонҳои металӣ барои сару либос ва рафъҳо барои китоб, мизу курсиҳо барои хонандагон, ҷевон барои кабинетҳои фаннӣ ҷиҳати гузоштани китобу айёниятҳои дарсӣ. Дар ошхонаи муассисаи таълимӣ ҳамарӯза барои хонандагон хӯроки гарми яквақтаинаи нисфирӯзӣ дода мешавад.
Вакили бронкунӣ
Туроператор
Системаи компютерӣ ва Интернет-технология
Ошпаз-қаннод
Фурӯшанда-ташкилотчӣ
Ошпази таомҳои хориҷӣ
Фурӯшандаи маводи ғайрихӯрока
Ҳисобдор (бо донистани компютер)
Роҳбалад
Турагент
Хазинадор
Пешхизмат-бармен